Имконоти ҳаста: acpi

ACPI (Танзимоти иловагӣ ва интерфейси идоракунии барқ) стандарт аст, ки байни системаи омил ва BIOS интерфейсҳои идоракунии танзимот ва барқро муайян мекунад. Ба сурати пешфарз, acpi фаъол карда мешавад, вақте ки версияи BIOS аз соли 2000 ё навтар муайян карда мешавад. Барои идоракунии рафтори ACPI баъзе параметрҳои умумӣ вуҷуд доранд:

pci=noacpi -- барои истифода набурдани ACPI барои масиргузории қатъҳои PCI

acpi=oldboot -- танҳо қисмҳои ACPI-и мувофиқ ба роҳандозӣ фаъол меистанд

acpi=off -- барои комилан хомӯш кардани ACPI

acpi=force -- барои фаъол кардани ACPI ҳатто дар версияи BIOS пеш аз соли 2000

Махсусан дар компютерҳои нав, он системаи куҳнаи apm-ро иваз мекунад.