Насби система тавассути тасвири роҳандозии хурд
Ҷамъбаст Mageia-<рақами версия>-netinstall-<сохтор>.iso (номи собиқаш Boot.iso) тасвири хурдест, ки танҳо дорои функсия барои оғози насбкунандаи drakx мебошад ва яке аз зеринро ҷустуҷӯ мекунад: манбаҳои онлайн (ё оинаи маҳаллӣ) тасвири ISO дар диски компютерии маҳаллӣ ё дар диски USB тасвири ISO дар диски CD/DVD ROM тасвири ISO дар LAN (шабакаи маҳаллӣ) барои идома додан ва ба анҷом расонидани насб.
Пеш аз он ки шумо равандро сар мекунед Mageia-<рақами версия>-netinstall-nonfree-<сохтор>.iso (номи собиқаш boot-nonfree.iso) дорои драйверҳои иловагии соҳибдор мебошад, ки метавонанд барои дастгоҳи шабакавӣ, тафтишкунандаи диск ё ягон дастгоҳи дигар талаб карда шаванд. Файлҳои Mageia-<рақами версия>-netinstall-nonfree-<сохтор>.iso ва Mageia-<рақами версия>-netinstall-<сохтор>.iso метавонанд барои оғози раванди насбкунии шабакавӣ тавассути шабакаи симдор ё шабакаи WIFI-и бе рамзгузорӣ истифода бурда шаванд. (Шабакаҳои WIFI-и бо рамзгузорӣ ё шабакаи Bluetooth истифода бурда намешавад) Дар фарқият аз раванди насбкунӣ тавассути диски DVD ё диски фаъолонаи LiveCD, ҳангоми раванди қисми аввалини насб, Давраи 1, аз шумо вориди матн дархост карда мешавад. Дар ин давра, клавиатураи шумо дар реҷаи клавиатураи бо тарҳбандии амрикоӣ фаъолият мекунад. Ин реҷаи клавиатура метавонад ҳангоми вориди ном ё масирҳо нороҳат бошад. Шумо метавонед тасвирҳои Mageia-<рақами версия>-netinstall-nonfree-<сохтор>.iso ва Mageia-<рақами версия>-netinstall-<сохтор>.iso-ро аз ин ҷо ба даст оред. Ин ҷо дорои унвони “Насбкунии шабакавӣ” мебошад. Шумо инчунин метавонед ин тасвирҳоро тавассути оинаҳои дилхоҳ аз рӯи ин рӯйхат http://mirrors.mageia.org/ боргирӣ намоед. Танҳо аз пайванди /distrib//cauldron/$ARCH/install/images/ истифода баред, бо ҳисоби он, ки $ARCH маънои сохтори i586 ё x86_64 дорад. Баъд аз боргирӣ кардани тасвир, онро ба диски CD/DVD сабт намоед, ё ин ки онро ба диски USB гузоред ва талаботи ин дастурамалро риоя кунед.
Раванди насбкунӣ Ин қадам инчунин Давраи 1 номида мешавад.
Компютери шумо дар реҷаи BIOS бор карда мешавад (инчунин ин реҷа MBR ё ин ки Master Boot Record номида мешавад) Ин экрани аввалинест, ки дар забони англисӣ пайдо мешавад Ҳангоми боркунӣ, шумо метавонед бо пахшкунии тугмаи F2 маълумоти муфассалро дархост кунед ва бо пахшкунии тугмаи F1 ба экрани насб баргардед. Агар тугмаеро пахш накунед, раванди насбкунӣ бо параметрҳои стандартӣ идома медиҳад.
Компютери шумо дар реҷаи UEFI бор карда мешавад Ин экрани аввалинест, ки дар забони англисӣ пайдо мешавад Барои интихоб намудани Оғози насбкунии Mageia тугмаҳои тирдорро истифода баред, пас тугмаи Enter-ро пахш намоед.
Дар ҳар ду реҷа Баъд аз ин шумо экрани зеринро мебинед: Дар Давраи 1, ягон чиз ба диски компютерии шумо сабт карда намешавад, бинобар ин шумо метавонед раванди насбро дар ин давра дилпурона қатъ намоед. Барои қатъкунии раванд тугмаҳои ctrl+alt+del-ро якбора пахш намоед. Барои дидани сабти рӯйдодҳо, тугмаҳои alt+F3-ро пахш намоед ва барои бозгашт ба экрани насбкунанда, тугмаҳои alt+F1-ро пахш намоед.
Интихоби тарзи насбкунӣ Барои ҳаракат кардан ба боло ё поёни рӯйхат то ҷудо шудани тарзи дилхоҳ, аз тугмаҳои тирдор истифода баред. Агар надонед, ки чӣ бояд барои Насби шабакавӣ интихоб карда шавад, сервери FTP-ро интихоб намоед. Дар шабакаҳои тиҷорӣ, пайвастҳои FTP ва rsync метавонанд дастнорас бошанд, дар ин ҳолат шумо метавонед аз сервери HTTP озодона истифода баред. Тугмаи Tab-ро то ҷудо шудани OK пахш намоед, пас тугмаи Enter-ро пахш кунед. Раванди насбкунӣ аз диски компютерӣ ё диски USB дар поёни ин дастурамал тасвир карда шудааст.
Интихоби навъи пайвасти шабакавӣ Агар шумо якчанд корти шабакавӣ дошта бошед, кортеро аз тарафи рост интихоб намоед. Агар шумо надонед, ки чӣ бояд интихоб карда шавад, пайвасти DHCP-ро интихоб намоед.
Танзими номи мизбон ва номи домен Агар шумо надонед, ки чӣ бояд кард: ҳеҷ коре накунед, танҳо "ОК"-ро интихоб намоед.
HTTP прокси Агар шумо надонед, ки чӣ бояд кард, ҳеҷ коре накунед
Расонаеро интихоб намоед Агар шумо хоҳед, ки оинаро ба таври дастӣ муайян кунед, шумо бояд масиреро барои расонаи пазируфта ворид намоед. Агар шумо клавиатураи бо тарҳбандии амрикоӣ надошта бошед, метавонед ҳангоми воридкунии масир мушкилӣ кашед. Вақте ки шумо имкони "Mageia"-ро интихоб мекунед, рӯйхате намоиш дода мешавад, ки дар он метавонед ба воситаи тугмаҳои тирдор ба боло ё поён ҳаракат карда, интихоберо пешниҳод намоед.
Муайян кардани оина ба таври дастӣ Новобаста аз сервере, ки аз ин рӯйхат интихоб карда мешавад, он бояд сохтори дарахтшакли ягонаи оинаҳои расмии Mageia-ро ба мисли "mageia" (ё "Mageia") истифода барад. Ин маънои онро дорад, ки сохтор бояд дар ин шакл бошад: .../mageia/distrib/<рақами версия>/<сохтор> Вориди дуруст (ҳангоми истифодаи оинаи расмӣ) дар сатри "Феҳристи Mageia" метавонад дар ин шакл намоиш дода шавад: pub/linux/mageia/distrib/cauldron/i586 Мисоли дигар барои версияи Mageia 5 бо сохтори x86_64 метавонад дар ин шакл намоиш дода шавад: pub/Mirrors/Mageia/distrib/5/x86_64. Оинаҳои дигар метавонанд сохторҳои дигар дошта бошанд. Аксҳои зерин чунин мисолҳоро намоиш медиҳанд: Агар шумо сервери HTTP-ро интихоб кунед: Агар шумо сервери FTP-ро интихоб кунед:
Mageia n (интихоби оина аз рӯйхат) Агар каме пас бисёр хатоҳои вобаста ба раванди насб намоиш дода шаванд, системаро бозоғозӣ кунед ва оинаи дигареро кӯшиш намоед.Баъд аз интихоби сервери FTP, ба шумо экране намоиш дода мешавад, ки дар он метавонед номи вуруд ва ниҳонвожаеро, агар лозим бошад, илова намоед.Баъд аз ин қадам, Давраи 2 насб ва оғоз карда мешавадИн экрани аввалини Давраи 2 мебошад, банди “Насбкунӣ - Давраи 2”-ро дар зер нигаред:
Насб кардан аз диски компютерӣ Агар шумо раванди насбро аз диски компютерӣ ё диски USB интихорб намоед, шумо бояд донед, ки файли iso ба куҷо сабт карда мешавад. Пеш аз ҳама, диски компютерии худро интихоб намоед (ё диски USB) Пас қисми дискро интихоб намоед Пас аз ин номи феҳрист ё номи файли iso-ро муайян кунед. Барои осонсозии раванди насб, номи феҳристро муайян кунед ё ин ки сатрро холӣ монед, зеро ки дар ин ҳолат насбкунанда ба шумо рӯйхати феҳристҳо ва файлҳоро пешниҳод мекунад, то ки шумо тавонед бо истифодаи тугмаҳои тирдори боло ва поён интихоби худро, чӣ тавре ки дар акси зерин намоиш дода шудааст, пешниҳод намоед.
<jobtitle>Насбкунӣ - Давраи 2 </jobtitle> "Лутфан, забонеро барои истифода интихоб намоед" экранест, ки шумо дарҳол мебинед. То ин ҳол ягон чиз ба диски компютерии шумо сабт нашудааст. Агар шумо хоҳед, ки системаро бозоғозӣ кунед, ба терминали виртуалии tty2 тавассути тугмаҳои ctrl+alt+F2 гузаред ва тугмаҳои ctrl+alt+del-ро якбора пахш намоед. (Агар фикри худро тағйир диҳед, тугмаҳои ctrl+alt+F7-ро барои бозгашт пахш намоед). Ин қисми насбкунӣ ба раванди тасвиршуда дар пайванди http://doc.mageia.org/installer/5/en/content/selectLanguage.html монанд аст. Барои маълумоти муфассал пайвандро зер кунед ва дар сатри нишонии браузери худ рақами "5"-ро бо рақами версияи насбшавандаи ҷории худ иваз кунед.