Хуш омадед ба @@@product@@@
Барои интихоб кардани функсияи дилхоҳ, ин менюро истифода баред. Агар шумо ҳангоми истифодабарии ин системаи кумакрасон мушкилӣ кашед, барои ворид шудан ба тавсифи системаи кумакрасон, тугмаи @@@fkey_help@@@-ро пахш намоед. Функсияҳои асосӣ дар ин меню:
Роҳандозӣ аз диски компютерӣ: Ин интихоб ба система ягон таъсир намерасонад. Он танҳо системаи омили аллакай насбшударо оғоз мекунад.
Насбкунӣ: Ин реҷаи насбкунӣ дар бисёр компютерҳо ба кор дароварда мешавад. Агар ҳангоми роҳандозӣ система таваққуф карда шавад ё агар унсурҳои сахтафзори шумо, монанди контроллерҳои диск ё кортҳои шабакавӣ, муайян карда нашаванд, яке аз имконоти насбкунии зеринро кӯшиш кунед.
Насбкунӣ -- Бо ACPI-и ғайрифаъол: Зиёда аз компютерҳои ҳозира дорои муҳити нопурра ё ACPI-и вайроншуда мебошанд. Интихоби мазкур дастгирии ACPI-ро дар ҳаста ғайрифаъол мекунад, вале бисёр ҳусусиятҳои самаранокро, монанди DMA барои дискҳои компютерии IDE, фаъол мекунад.
Насбкунӣ -- APIC-и маҳаллии ғайрифаъол: Агар насбкунии муқаррар иҷро карда нашавад, эҳтимол, ин сабаби он аст, ки сахтафзори система APIC-и маҳаллиро дастгирӣ намекунад. Дар ин маврид, барои насбкунӣ бе дастгирии APIC-и маҳаллӣ, аз ин имкон истифода баред.
Насбкунӣ -- Танзимоти бехатар: Агар имкони насбкунӣ барор наёфт, ин маълумот метавонад барои ҳалкунии мушкилӣ кумак расонад.
Наҷотдиҳии система: Ин тасвири роҳандозӣ системаи хурди Linux-ро дар RAM оғоз мекунад. Агар система ба таври дуруст оғоз карда нашавад, ин имкон кумак мерасонад. Баъд аз роҳандозӣ, ҳамчун “root” ворид шавед.
Санҷиши сахтафзори доимӣ: Абзори санҷиши BIOS-ро барои тафтиши ACPI ва қисмҳои дигари BIOS иҷро мекунад.
Санҷиши ҳофиза: Санҷиши ҳофиза на танҳо барои санҷиши насби модулҳои ҳофизаи нав муҳим аст. Ин санҷиши ҳаматарафа барои қисми калони системаи компютерии шумо мебошад ва метавонад мушкилиҳои сахтафзорро муайян кунад.
Имконоти роҳандозӣ: Имконоти роҳандозӣ метавонанд рафтори системаи шумо тамоман тағйир диҳанд. Онҳо танзимоти ҳаста мебошанд.
Кумаки @@@fkey_help@@@: Ин муҳтаво бо қисмҳои муҳим аст. Он экранҳои гуногунро вобаста аз унсурҳои фаъоли экрани роҳандозӣ намоиш медиҳад. Инчунин тафсири ин системаи кумакрасон дастрас аст.
@@@fkey_lang@@@: Забон ва тарҳбандии клавиатураро барои истифода дар боркунандаи роҳандозӣ танзим мекунад.
Реҷаи видеоии @@@fkey_video@@@: Дар ин ҷо шумо метавонед ҳангоми насбкунӣ возеҳии экранро интихоб намоед. Агар шумо ҳангоми насбкунӣ дар реҷаи графикӣ мушкилӣ кашед, шумо метавонед насбро дар реҷаи матнӣ идома диҳед.
Манбаъи насбкунии @@@fkey_inst@@@: Манбаъи насбкуниро интихоб намоед.
Насбкунии драйверҳои @@@fkey_dud@@@: Барои ҳар як компютери нав ҳангоми насбкунии система, навсозии драйверҳо лозим мешавад.